6 798 муҳоҷири меҳнатӣ бо кор таъмин гардид
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Имрӯзҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ 41 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи интиқоли қувваи корӣ буда, тавассути онҳо то 15 августи соли 2014 ҳамагӣ 6 ҳазору 798 нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо кор таъмин гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 167 нафар зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ 676 ҳазору 302 нафар (дар соли 2013 — 814985 нафар) шаҳрванди Тоҷикистон ба хориҷи кишвар сафар намуда, аз ин 555 ҳазору 286 нафар мард ва 118 ҳазору 016 нафараш зан мебошад.Аз шумораи умумии бозгаштагон 279 ҳазору 323 нафарашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар ин давра ба дафтари намояндагии вазорат дар шаҳри Маскав ва минтақаҳои Русия 4 ҳазору 139 арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, ки аз ин теъдод 436 ададашро муроҷиати хаттӣ ва 3703 ададашро муроҷиати шифоҳӣ ташкил медиҳад.
Бо дахолати кормандони намояндагӣ дар давоми 9 моҳи соли 2014 маблағи 9 миллиону 294 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуда, 58 қарори суди ноҳиявӣ бекор, манъи воридоти 30 нафар шаҳрванди тоҷик кушода ва 36 парвандаи қонунвайронкунии маъмурӣ аз истеҳсолот баргардонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






