А. Қодирӣ барои пахтачинӣ ба саҳро баромад
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзи шанбеи гузашта беш аз 600 нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ, адибону нависандагон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма барои кумак ба кишоварзон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.
Дар ин рӯз ҳашарчиён дар ҷамъоварии «тиллои сафед» ба деҳқонони бригадаи рақами 20-уми ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумак расониданд.
Ба ҳашарчиёни маъракаи пахтачинӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ ҳамроҳ шуд. Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид намуд, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кумак ба деҳқонони вилоят ҷиҳати саривақту беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил амали хайр аст, зеро пахта ҳамчун ашёи стратегии мамлакат дар беҳ шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлат ва мардуми кишвар нақши асосӣ дорад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки барои ҳар як килограмм пахтаи чидашуда 70 дирам ҳақмузд пардохт шавад.
Дар охири рӯз аз ҷониби Иттифоқи касабаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раёсати ҷамъияти саҳҳомӣ ба чинакчиёни пешқадам туҳфаҳо тақдим шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






