Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе!
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва садорати факултаҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои «Даҳ рӯзи пойтахт» 17 октябри соли равон озмуни газетаи девории беҳтарин таҳти унвони «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе!» доир гардид. Дар он маҳсули дасти донишҷўёни тамоми факултаҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, аъзои ҳакамон ба мантиқ, мазмун, ороиш, теъдод, муаррифӣ ва маҳсули дасти худи донишҷӯён будани ин газетаҳо баҳои воқеӣ гузоштанд.
Тазаккур бояд дод, ки донишҷӯёни ҳамаи факултаҳо кӯшиш кардаанд, ки маҳорати рассомӣ ва нуктафаҳмии хешро дар мисоли маҳсули меҳнати худ ба ҳамагон нишон диҳанд.
Озмун имрӯз, 20 октябр ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






