Амалиёти «Мигрант — 2014» пайгирӣ мешавад

Октябрь 30, 2014 09:53

 
Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо супориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират раванди умумии амалиёти фаврию пешгирикунандаи «Мигрант-2014»-ро пайгирӣ менамояд, ки мутобиқи маълумоти ВКД ФР бо дастгирии ҳукумати Маскав, раёсатҳои марказии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, Хадамоти федеролии амнияти Русия ва хадамотҳои махсус аз 23 октябр то 2 ноябри соли 2014  гузаронида мешавад.
Кормандони намояндагӣ дар якҷоягӣ бо хизматрасонии консулии ҶТ дар Маскав маълум карданд, ки дар раванди амалиёти мазкур бо сабабҳои вайрон намудани қонунгузории муҳоҷиратии ФР дар шуъбаҳои пулиси ҳавзаи маъмурии шарқии шаҳри Маскав 8 нафар ва дар ҳавзаи маъмурии ҷанубӣ 21 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳангоми боздид аз ШКД ноҳияи Красноселскийи шаҳри  Маскав кормандони намояндагӣ маълум намуданд, ки дар шуъбаи полиси мазкур барои санҷиши будубош ва фаъолияти меҳнатӣ танҳо то 27 октябри соли 2014, 25 нафар шаҳрванди ҶТ оварда шудааст.
Мутобиқи маълумоти шахсони масъули шуъбаи полиси мазкур баъд аз гузаштани тартиботи зарурӣ доир ба муайян кардани будубоши қонунӣ ва фаъолияти меҳнатӣ ҳамаи шаҳрвандоне, ки қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ ва будубош менамоянд, озод мешаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар 4 рӯзи амалиёти «Мигрант-2014» дар пойтахти Русия зиёда аз 14 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ санҷида шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри  Маскав дар ин рӯзҳо 10 муҳоҷире, ки дар ҷустуҷӯ буд, дастгир шуда, 40 кофтуков ва 6 парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 322.1 КҶ ФР боз шудааст.
Намояндагӣ бо мақомоти марбутаи ХФМР доир ба ин масъала дар тамос буда ва дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба масъалаи мазкур зуд амал хоҳад кард. 
 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
 

Октябрь 30, 2014 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд