Анҷоми Лоиҳаи гранти Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия

Октябрь 27, 2014 14:23

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Пагоҳ дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Анҷоми Лоиҳаи гранти «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия (READ) — марҳалаи II дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои асосии соли аввали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ» баргузор мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маркази милии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ дар конфронс ширкати Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Нуриддин Саид- вазири маориф ва илми кишвар, Игор Семёнович Лякин- Фролов-Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, Патритсия Виверс- Картер- намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, директори Маркази байналмиллалӣ дар соҳаи рушди таҳсилот (CICED), директори иҷроияи шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»- Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки иштирокдорони конфронс дар мавзӯъҳои Лоиҳаи гранти «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия дар Тоҷикистон», «Марҳилаҳои асосии ИМД-2014», «Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи ИМД-2014»  ва дигар мавзӯъҳои марбута сухан  мегӯянд.

Октябрь 27, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд