Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

Октябрь 29, 2014 18:50

Душанбе, 29.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, ба имзо расонид.Қонуни мазкур асосан нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд ва барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани онҳо мусоидат менамояд.Мувофиқи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бахшидани гуноҳҳои зиёда аз 10 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, пеш аз ҳама, занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон, маъюбон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд.Матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешавад.

Октябрь 29, 2014 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд