Барқияи табрикотии Эмомали Раҳмон ба Милош Земан

Октябрь 29, 2014 15:58

Душанбе, 29.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Табрикоти самимии маро ба муносибати фарорасии иди миллии Ҷумҳурии Чехия қабул фармоед.Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафт ва шукуфоии кишвари дӯсти Чехия ва ҷонибдори рушди рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ ва мутақобилан судманд бо кишвари Шумо мебошад.Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд. Итминон дорем, ки сафари қарибулвуқуъи Шумо ба Тоҷикистон ба ин раванд такони тозае хоҳад бахшид.Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳату саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Чехия пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам».

Октябрь 29, 2014 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд