Баррасии фаъолияти Вазорати молия
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе натиҷаи иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли 2014 ва вазифаҳо ҷиҳати рушди судманд ва истифодаи маблағҳои давлатӣ барои семоҳаи чоруми соли 2014 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи ҳайати раёсат ҳисоботи роҳбарони раёсатҳои молиявии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин ташкилотҳои зертобеи Вазорати молияи ҶТ шунида шуд.
Дар анҷоми ҷаласа вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ба кормандони дахлдори вазорат барои сари вақт ва хушсифат иҷро шудани Буҷети давлатӣ дар семоҳаи чорум ва умуман дар соли 2014 супоришҳои мушаххас ироа намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






