Баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоӣ

Октябрь 31, 2014 09:50

Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо   мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябр дар мавзӯи «Проблемаҳои рушди инсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ» конфронси илмӣ-амалӣ ба кори худ оғоз намуд. 
Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат,  онро Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» баргузор менамояд.
Дар чорабинӣ  масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, муносибатҳои  меҳнатӣ, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисон мутобиқи талаботи бозори меҳнат баррасӣ мегардад.
Аз ҷониби  иштирокчиён доир ба масъалаҳои методологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва асосҳои ташкили мукаммалгардонии механизми низоми идораи меҳнат ҳамчун низоми комил маърӯзаҳо  хонда мешаванд. 
Кори конфронс  то 31 октябр давом меёбад. 

Октябрь 31, 2014 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд