Баррасии вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

Октябрь 24, 2014 10:45

Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  22 октябри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев ба Федератсияи Русия сафар намуданд. 
Дар назар аст, ки С. Тағойзода ва А. Бобоев масъалаҳои вазъи муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онро бо намояндагони дахлдори ин кишвар баррасӣ намоянд.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират, дар рафти ин сафар чораҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба онҳо ворид гардидан ба ҳудуди Русия манъ карда шудааст, муҳокима мегардад.
Таҳияи  усулҳои мувофиқ барои таъмини суғуртаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ ва сертификатсияи сохторҳо ҷиҳати гузаронидани ташхиси тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҶТ бо ҳуқуқи додани маълумотномае, ки дар ФР ҳангоми гирифтани иҷозатнома ва патент барои кор эътироф карда мешавад,  инчунин чораҳои пешниҳоди кафолати давлатӣ дар соҳаи таъминоти суғурта ва нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Русия масъалагузорӣ мешаванд.

Октябрь 24, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд