Беҳтарин навъҳои пахтаи ватанӣ
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимони Институти зироаткорӣ ва муассисаҳои тобеи он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таври васеъ татбиқ мешавад. Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон навъҳои пахтаи офаридаи олимон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2014 дар масоҳати 113 ҳазору 469 га кишт шуд, ки аз он пахтаи ватанӣ 95 ҳазору 597 га ё 84%-и майдони умумии пахтаи вилоятро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ дар майдони 4,5 ҳазор га пахта кишт шудааст, ки аз он 60% навъҳои ватанӣ мебошанд.
Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии Суғд соли 2014 навъҳои пахтаи ватанӣ дар масоҳати 54 ҳазор га кишт шудаанд, ки аз он “Хуҷанд-67”, “Неъмат”, “Ориёӣ”, “Ирам-1МН”, “Исписор” ва “Сорбон” дар майдони 30 ҳазор га ё 55%-и майдони умумии пахтаи вилоятро ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






