Бинои нави мактаб дар Сағирдашт
Дарвоз, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар деҳаи Лангарои ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бинои нави мактаб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Акнун хонандагони деҳа имкон пайдо намуданд дар назди манзили истиқоматиашон таҳсил намоянд.
Дар гузашта онҳо ба мақсади таҳсил роҳи дурро пиёда тай менамуданд ва дар фасли сармо ин кор барояшон хеле душвор буд.
Бинои нави мактаби ибтидоӣ дорои 5 синфхона ва 2 утоқи корӣ буда, аз таҷҳизот ва ашёҳои зарурии хониш таъмин шудааст.
Бунёди бинои мазкур дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, бори дигар аз сиёсати дарҳои кушод дар кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






