Биё, биншин, шунав «Овози тоҷик»
Душанбе, 20.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аз таъсисёбии шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон — «Овози тоҷик» 65 сол сипарӣ гардид. Дар иртибот ба ин санаи таърихӣ раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шоми 22 октябри соли равон дар толори «Кохи Ҷомӣ» -и пойтахт бо ташкили як маҳфил аз ин санаи пурифтихор -65-умин солгарди таъсиси шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон -«Овози тоҷик» истиқбол гирад.
Аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, ки ба ин маҳфил роҳбарону намояндагони ниҳодҳои марбутаи кишвар, сафирони кишварҳое, ки шабакаи мазкур ба забони давлатии онҳо гуфторҳо омода ва пахш месозад, коршиносони масоили сиёсӣ, таҳлилгарон ва ҳаводорону сомеони шабакаи бурунмарзӣ даъват гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон 16 октябри соли 1949 бо ибтикор ва дастгирии академик Бобоҷон Ғафуров созмон дода шуда, он солҳо бо забонҳои форсӣ ва дарӣ барномаҳо пахш мекард. Алҳол шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон- «Овози тоҷик» бо ҳашт забон — тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, ҳиндӣ ба таври мустақим ва шабонарӯзӣ барномаю гуфторҳо омода ва пахш месозад. Дар айни замон дар шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон- «Овози тоҷик» беш аз 40 нафар рӯзноманигору корманди техникӣ фаъолият дошта, шабака бо технологияи муосир таҷҳизонида шудааст.
Нақши шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» дар муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ калон буда, мазмуну мӯҳтавои барномаҳои таҳиянамудаи муҳаррирони ин шабака инъикосгари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷист. Инчунин муҳаррирони шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, бахшҳои иқтисод, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтору барномаҳо таҳия ва омода намуда, пешкаши сомеони худ мегардонанд. 15.41.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






