«Бохтар» дар Варзоб ид дорад

Октябрь 30, 2014 14:39

Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Субҳи 29 октябр дар маркази ноҳияи Варзоб нишасти матбуотӣ, намоиши филм, маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асбобу анҷоми мактабиён ва консерти ҳунарпешагони маҳаллӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази фарҳанги «Бохтар» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Назар ба хабари манбаъ, ин чорабинӣ дар ҳошияи ҳафтаи Аврупо, ки аз 25 октябр то 9 ноябр дар Тоҷикистон идома меёбад, роҳандозӣ шуд.Ёдовар мешавем, ки Маркази фарҳанги «Бохтар» дар доираи Ҳафтаи Аврупо ҷашнвораи филмҳои Аврупоро ташкил намуд, ки он то 31 октябр давом мекунад. Ба барномаи ҷашнвора беҳтарин филмҳои бадеию мустанади синамогарони Испаниё, Италиё, Маҷористон ва Олмон шомиланд.

Октябрь 30, 2014 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд