Бозбинӣ ва қатъи маъюбии 8525 маъюб дар минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 24.10.2014. ( АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб фаъолияти кории 9 моҳи соли ҷории худро ҷамъбаст намуд.
Ба иттилои сардори раёсати мазкур Ҷӯрабек Қурбонов дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон 73 ҳазору 917 нафар буда, талаботи моҳонаи нафақа 16747,1 сомонӣ аст.
Аз аввали сол бошад, талаботи нафақа 160712,2 ҳазор сомониро ташкил менамуд, ки пурра маблағгузорӣ гардида, айни ҳол бақияи қарздории нафақа мавҷуд нест.
«Бо мақсади иҷрои фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» аз 5-уми июни соли ҷорӣ дар асоси мактуб ва руйхати омодашуда аз тарафи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб бо мақсди боздид ва қатъ намудани маъюбӣ 8525 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз талаботи нафақа муваққатан боздошт ва қатъ карда шуданд», афзуд манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






