Боздиди донишҷӯёни ДДХ аз «Бешаи палангон»
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Аз 20 то 25 октябри соли равон таҷрибаомӯзии таълимии минтақавии табиию иқтисодӣ ва сайёҳии 16 нафар донишҷӯи курси сеюми ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳати факултаи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар минтақаи таҷрибаомӯзии Тоҷикистони Ҷанубӣ ҷараён мегирад.
Тавре ки дотсент Муъминҷон Аминов иттилоъ дод, мақсади таҷрибаи сайёҳӣ омӯзиш ва такмили маҳорат ва малакаи таҳқиқ ва мушоҳидаи сайёҳӣ, ҷамъ намудан ва коркарди маводи аввалин ва аз худ намудани усулҳои он, васеъ намудани ҷаҳонбинии мутахассисони ояндаи соҳаи туризм, мустаҳкам ва амиқ намудани донишҳое, ки донишҷӯён дар аудитория гирифтаанд, мебошад.
Гуфта мешавад, ки донишҷӯён бо хатсайри Хуҷанд-Айнӣ-Душанбе-Қӯрғонтеппа-Қубодиён-Шаҳритус-мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»-Душанбе-Хуҷанд амал намуда, аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои истеҳсолӣ ва мамнӯъгоҳҳо боздид ба амал оварда, ҳамзамон дар ин минтақаҳо таҷриба меомӯзанд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён зери роҳбарии профессор Садриддин Абдураҳимов ва сармуаллима Замира Муинова сурат мегирад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки таҷрибаомӯзии байниминтақавӣ соли дуюм аст, ки дар донишгоҳ бо эҳтимоми ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов аз нав эҳё ва амалӣ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






