Боздиди О.Гаврук аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Ҳафтаи гузашта сафири Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук бо намояндагони гурӯҳи ширкатҳ «АЛЮТЕХ» аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд» боздид намуд.
Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти МОИ «Суғд», ширкати «АЛЮТЕХ» ба ҳайси яке аз қароргоҳҳои Минтақаи озоди иқтисодии Минск дар бозори системаҳои роллетӣ мавқеи пешқадамро касб намуда, яке аз истеҳсолкунандагони асосии системаҳои алюминӣ ва тавораҳои махсус дар Аврупои Шарқӣ ба шумор меравад. Ширкати мазкур 7 корхонаи истеҳсолӣ ва беш аз 25 ширкатҳои тиҷоратӣ воқеъ дар Чехия, Русия, Беларус, Украина, Олмон ва Австрияро муттаҳид месозад.
Мақсад аз сафари ҳайат шиносоии намояндагони ширкат бо фаъолияти МОИ «Суғд», ниҳодҳои он ва гуфтушунид бо ширкатҳои манфиатдори сохтмонии маҳаллӣ буд.
Боздиди сафир ба манзури санҷиши муфассали натиҷаи аҳду паймоне буд, ки дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Беларус 23 — 25 майи соли ҷорӣ ба даст омада буд.
Дар анҷоми сафар аҳд шуд, ки муносибатҳои байни истеҳсолкунандагони системаҳои алюминии Беларусу Тоҷикистон рушду густариш дода шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






