Боздиди Шоҳбонуи Дания аз маркази клиникӣ
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — 23 октябр Улёҳазрат Шоҳбонуи Дания Мэри дар ҳошияи нахустсафараш ба Тоҷикистон барои пешбурди ҳифзи модару кӯдак ва эмгузаронӣ аз Маркази ҷумҳуриявии клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дидор намуд.
Дар маросими дидори марказ Шоҳбону Мэриро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Нусратулло Салимзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Лола Бобохоҷаева, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон Абдусалом Воҳидов ҳамроҳӣ намуданд.
Шоҳбону Мэри баъди дидор аз маркази клиникӣ дар Маркази офиятбахшии кӯдакони ноҳияи Варзоб бо роҳбарият ва ҳайати тиббии он мулоқот намуда, дар ҷараёни он аз таҷрибаи муолиҷа ва офиятбахшии кӯдакони маъюб нақл кард.
Дар анҷоми мулоқот барномаи консертӣ бо иштироки дардмандони маркази мазкур баргузор шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






