Боздошти 3 корманди милитсия барои қаллобӣ
Душанбе. 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ваколатдори калони фаврии ШКҶ-и РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Ҳикматов Маҳмадулло Файзалиевич, ваколатдори калони фаврии ШКҶ-и РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Халилов Азизхӯҷа Сафархоҷаевич ва ваколатдори фаврии ШКҶ-и РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Рӯзиев Нозим Анварович бо моддаи 247 қисми 4 банди “4”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.Тавре ки агентии зидди фасод иттилоъ медиҳад, 21 октябри соли 2014 шаҳрванд Сафаров Муродалӣ Қувватович ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намудааст, ки номбурдагон 20 октябри соли 2014 бе ягон асос ӯ ва рафиқаш Шералӣ ном шахсро дастгир карда, аз ҷайби онҳо маблағи 9000 рубли русӣ ва тахминан 110 сомонӣ гирифта, онҳоро гӯё дар ҷинояти дуздӣ гумонбар намудаанд ва барои нисбат ба онҳо чора наандешидан боз маблағи 500 доллари ИМА талаб кардаанд. «Худи ҳамон рӯз дар ҳудуди тарабхонаи “Вохӯрӣ”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани маблағи 400 доллари ИМА аз М. Сафаров кормандони милитсия аз ҷониби кормандони коррупсия дастгир гардиданд», -хабар медиҳад манбаъ.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






