Бозии «Помир»-«Спартак»-ро кӣ доварӣ мекунад?
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Абдураҳим Бобоев, раҳбари кумитаи нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон сардовари бозии байналмилалии рафиқона байни собиқадорони бошгоҳҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Спартак»-и Маскав таъин шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдураҳим Бобоеви 57-сола аввалин довари FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) аз Тоҷикистон аст. Вай ба ҳайси довар дар беш аз 20 бозии байналмилалӣ хидмат кардааст. Ёваронаш Владимир Домуллоҷонов ва Султон Қосимов мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши Раҳмон Муртазоев гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии байналмилалии рафиқона байни собиқадорони бошгоҳҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Спартак»-и Маскав 25-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ин бозиро Федератсиони Футболи Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии нахустин ширкати «Помир»-и Душанбе дар чемпионати ИҶСШ (СССР) байни дастаҳои лигаи олӣ (соли 1989) ташкил кардааст.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






