Бозёфтҳои нав дар шаҳрчаи қадимаи Карон
Дарвоз, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар мавзеи қалъаи қадимаи Карон дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ бозёфтҳои нав дарёфт гаштанд, ки аз тамаддуни волои тоҷикон дарак медиҳанд.
Бо кумаки кормандони илмии Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012- ум то инҷониб дар ҳудуди харобаҳои қалъаи қадима ҳафриёт гузаронида мешавад. Нахуст аз зери хок се иншооти муҳим-бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об бароварда шуд. Ин бозёфтҳо ба гузашти асрҳо нигоҳ накарда, намуд ва шакли худро нигаҳ доштаанд.
Ба наздикӣ боз як ҷузъиёти дигари ҳайратангез аз зери қабати ғафси хок бароварда шуд. Ба гуфтаи яке аз сокинони ин ноҳия Ҳайдаршоҳи Акбаршоҳ, ки дар кофтукови археологӣ ширкат дорад, бозёфти нав ба расадхона шабоҳат дорад ва аз фарҳанги волои маскунони шаҳри қадимаи Карон дарак медиҳад.
Дар вайронаҳои расадхонаи эҳтимолӣ маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт гардиданд. Инҳо тахтасангҳои хурдҳаҷм мебошанд, ки шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






