Бунёди боғҳои интенсивӣ вусъат меёбад
Душанбе, 18.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо истифода аз дастовардҳои илмӣ, иштироки бевосита ва ёрии амалию методии олимони Институти боғпарварию сабзавоткорӣ дар Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикии ноҳияи Ҷ. Румӣ дар майдони 1 га, хоҷагии таҷрибавии “Сунбула”-и ноҳияи Ҳисор дар майдони 1 га ва дар филиали суғдии институт дар майдони 1га боғи коллексионии навъҳои нодири дарахтони мевадиҳанда ва ток бунёд шуд. Кормандони институт дар қитъаҳои наздиҳавлигии истиқоматкунандагони деҳаи “Қади об”-и шаҳри Роғун дар майдони 2 га ва дар деҳаи “Бӯстон”-и ноҳияи Файзобод дар майдони 2 га аз ҳисоби ниҳолҳое, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Сербия ворид гардидаанд, боғи интенсивӣ бунёд намуданд.Инчунин аз ҳисоби ниҳолҳое, ки аз давлати Сербия ворид гардидаанд, дар заминҳои Стансияи таҷрибавии Файзобод дар майдони 5га боғи интенсивии себ ва дар майдони 1,1 га боғи олу бунёд шуд.Дар ноҳияи Б.Ғафуров олимони филиал дар хоҷагиҳои деҳқонии “Фараҳ” 2,5 га, “Нури Хуҷанд” 1 га пиёзи тухмии навъҳои “Сайҳун”, “Хазар” ва “Баракат”-ро кишт намуданд. Дар ин бора аз Академияи илмҳои кишоварзии кишвар хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






