Бунёди терминали боркашонӣ ҳамлу нақли борҳоро меафзояд
Душанбе ,31.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Алҳол «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо 21 ширкати ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Аз он 14 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 5 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷаи дур ва 2 ширкати ҳавопаймоии ватанист.
Муҳаммадюсуф Шодиев -масъули бахши матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мегӯяд, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мутахассисони Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ /JICA/ барномаи такмили фурудгоҳи Душанбе омода шудааст. Тибқи ин лоиҳа дар фурудгоҳи Душанбе терминали боркашонӣ бунёд шуда, инчунин системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (ILS), низоми чароғакҳои роҳнамо барои фурудоии ҳавопаймоҳо (PALS) ба маблағи 15-20 миллион $ насб мешаванд.
Бунёди терминали боркашонӣ имкон медиҳад, ки ҳамлу нақли борҳо ба маротиб афзоиш ёфта, ширкатҳои зиёди ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳи Душанбе ҷалб шаванд, инчунин низоми нави фурудоӣ имкон медиҳад, ки бехатарии парвозҳо дар ҳама гуна ҳолат пурра таъмин гардида, имкони истифодаи хати нишасту парвоз аз ду самт таъмин гардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






