Бузургдошти 700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар Теҳрон

Октябрь 28, 2014 14:49

 Душанбе, 28.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 25 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури мақомоти масъул, шахсиятҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, фарҳангиён ва донишмандон ҳамоиши байналмилалии 700-солагии зодрӯзи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ — мутафаккир, шоир ва олими барҷастаи форсу тоҷик баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ибтикор ва талоши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд ва дар ибтидои маросим Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.
  Сипас, сабти видеоӣ аз оромгоҳи ин орифи раббонӣ дар шаҳри Кӯлоб бо шарҳи муфассал  ҳамроҳ бо мусиқии тоҷикӣ пахш гардид, ки барои аҳли нишаст мақбул афтод. Дар идома, Абӯзари Иброҳимии Туркмон — раиси Созмони фарҳангии ҶИЭ, Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф — раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО), Саидободӣ — мудири кулли минтақаии ЮНЕСКО, Муҷтаҳиди Шабистарӣ — раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар бораи ҷойгоҳ ва мақоми ин шахсияти илмӣ ва фарҳангӣ сухан гуфтанд.
   Неъматулло Эмомзода зикр намуд, ки оромгоҳи ин шайхи бузург дар Тоҷикистон зиёратгоҳи хосу ом аст ва давлати Тоҷикистон барои ҳифзу посдошти мероси ин олими барҷаста талошҳои фаровон ба харҷ дода ва медиҳад. Аз ҷумла, дар рӯи пули миллии 10 сомонӣ шеъри машҳури Мирсаид Алии Ҳамадонӣ:
«Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар — ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к — аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод»   дарҷ гардида ва низ мардуми тоҷик ба хотири эҳтироми фаровон эшонро «Ҳазрати Амирҷон» мегӯянд.          Аз саропои ин мисраъҳо ваҳдату ҳамдилӣ, муросо ва гузашту бахшандагӣ бармеояд ва ормони ҳар яки мову шумо, ҳамчунин ормони волои тоҷикон сулҳу осоиштагӣ аст.
   Неъматулло Эмомзода илова намуд, ки дар хазинаи Институти ховаршиносии Тоҷикистон 52 асар аз Мирсаид Алии Ҳамадонӣ маҳфуз аст ва бештари онҳо ба ҳуруфи сириллик баргардон шудаанд. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, — афзуд сафир, — давлати Тоҷикистон ба Созмони илмӣ — фарҳангии Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО барои эъломи соли бузургдошти ин абармарди соҳаи илм дархост дод ва хушбахтона, бо ҳимояти бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ин пешниҳод пазируфта шуд ва қарор аст дар соли 2015 маросими бузургдошти ин абармарди шинохта дар ҶТ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шавад.
          Дар рӯзгори имрӯзаи мо омӯзиши осор ва таълифоти ӯ як амри зарурӣ ва муҳим ба шумор меравад.
   Дар поёни ҳамоиш ба суханронон, аз ҷумла ба Сафири Тоҷикистон дар Эрон лавҳи тақдир бо акси Мирсаид Алии Ҳамадонӣ тақдим гардид.
   Дар ин бора Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) хабар дод.
 
 
 

Октябрь 28, 2014 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид