Чаро қурби евро ва доллари ИМА баланд шуд?

Октябрь 21, 2014 10:10

Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Тайи чанд рӯзи ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ зери таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ — паст шудани қурби асъори кишварҳое, ки бо онҳо Тоҷикистон ҳамкории тиҷоратии қавӣ дорад, афзоиши мавсимии талабот ба асъори нақд аз ҷониби воридоткунандагон ва аҳолӣ тамоюли баландшавиро соҳиб гашта, ба ҳисоби миёна ба 5,1730-5,1930 сомонӣ баробар шуд. 
      Ҳамзамон, қурби миёнаи рубли русӣ то ба 0,1260-0,1275 сомонӣ барои як рубли русӣ паст фаромада, қурби евро каме баланд шуда, як евро 6,4695-6,5320 сомониро ташкил намуд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, 17 октябр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе ба 5,1740-5,1970 сомонӣ, Хуҷанд ба 5,2050-5,2150 сомонӣ ва Қурғонтеппа ба 5,1800-5,2000 сомонӣ баробар буд. 

Октябрь 21, 2014 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид