Чкалов: Шоми дӯстии ду кишвари ҳамсоя
Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Шоми дирӯз дар қасри Маданияти шаҳри Чкалов бо иштироки ҳунармандон ва афсарони ду кишвари дӯст ва ҳамсоя — Тоҷикистону Қирғизистон шоми дӯстӣ ва якдилӣ баргузор гардид, ки он ба 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ба туфайли дӯстии беғаразона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мусбату муътадиланд ва ин дӯстӣ боқӣ хоҳад монд.Сипас аз ҷониби ҳунармандони Тоҷикистону Қирғизистон барномаи муштараки консертӣ пешкаши сарбозини ду кишвар гардонида шуд, ки он хеле хуб пазироӣ гардид. Бахусус иҷрои таронаҳои Далер Назаров ва Муқаддас Набиева аз ҷониби санъаткорони қирғиз писанди хотири иштирокдорон гардид.Ҳамчунин дар назар аст, дар доираи ин дидор миёни афсару сарбозони ду кишвар мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ гузаронида шаванд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






