Дар Маскав анъаноти мақоми тоҷикӣ танинандоз мешаванд

Октябрь 23, 2014 12:08

 
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова). – Имрӯз, 23  октябр,  дар  ҳошияи симпозиуми  байналмилалии «Харитаи мусиқии  ҷаҳон» дар толори Консерваторияи  Маскав  ба  номи  Чайковский  бахшида ба садсолагии  зодрӯзи  Зиёдулло  Шаҳидӣ  консерт  таҳти  унвони «Анъаноти  мақоми  тоҷикӣ» баргузор  мегардад.
Дар  консерт ҳунарпешагони  дастаи Академияи  мақоми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  роҳбарии  Ҳунарпешаи  мардумӣ  Абдувалӣ  Абдурашидов,  ҳамчунин  Ҳунарпешаи  мардумии  Тоҷикистон  Озодахон  Ашӯрова (сурудхонӣ,  дойра), Хуршед  Иброҳимов (сурудхонӣ,  танбур),  Ҷамшед  Эргашев  (сурудхонӣ,  танбур,  дойра), Мурод  Ҷумъаев (сурудхонӣ,  дойра),  Сироҷиддин  Ҷӯраев (дутор)  ҳунарнамоӣ  мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки  21  октябр  дар  толори Консерваторияи  Маскав  бахшида ба  100 – солагии  Зиёдулло  Шаҳидӣ  консерт баргузор  гардида,  дар  он  асарҳои Зиёдулло Шаҳидиро  Фарангис  Нуруллохоҷа, Вивье, Жан Франсуа Лапорт ва  гурӯҳи  саксофоннавозони «Квазар» — и  Канада   иҷро  карда буданд.
Дар  ҳошияи  симпозиум мизи  мудаввар  баргузор  гардида,  дар  он  Мунира  Шаҳидӣ  дар  мавзӯи  «Эҷодиёт ва  ҷаҳонбинии  З.Шаҳидӣ» маърӯза  кард. 
 

Октябрь 23, 2014 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад