Дар “Нелегал-2014” ҳамагӣ 21 нафар тоҷик дар боздошт монд

Октябрь 29, 2014 16:37

Душанбе, 29.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар мулоқот бо муовини раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнетсов сарнавишти муҳоҷирони тоҷик ва амалиёти “Нелегал-2014”-ро баррасӣ намуд.Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Имомуддин Сатторов дар бораи боздошту тафтиши теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Маскав изҳори нигаронӣ карда, хостори шарҳи мақомоти рус дар ин замина шудааст. Дар иртибот ба ин масъала Анатолий Кузнетсов гуфт, ки дар амалиёти “Нелегал-2014”, ки он аз ҷониби мақомоти умури дохилии Маскав анҷом дода шуд, танҳо 170 шаҳрванди Тоҷикистонро барои бозпурсӣ ба шуъбаҳои умури дохилӣ бурда ва баъзе аз онҳоро барои риоя накардани муқаррароти иқомат ва дигар қонунҳои Русия ҷарима кардаанд. Аз миёни ин афрод, 21 нафар барои тартиботи баъдӣ ва тафтишии санадҳо дар боздоштгоҳ мондаанд. Назар ба иттилои Муҳаммади Эгамзод — намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия гузоришҳои расонаҳои хабарии Русия дар бораи он ки бисёре аз 14 ҳазор муҳоҷири корие, ки зимни амалиёти “Нелегал-2014” бозпурсӣ шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистонанд, воқеият надорад ва амалиёти мазкур барои ифшо кардани тамоми муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия сурат мегирад.

Октябрь 29, 2014 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд