Дар соҳаи сохтмон музди меҳнат аз ҳама зиёд аст

Октябрь 20, 2014 10:35

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ то  ҳолати 1 августи  соли 2014 музди меҳнати миёнаи кормандони ҷумҳурӣ 833,89 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,3 % афзудааст. 
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар нуҳ моҳи соли равон  дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди меҳнати аз ҳама зиёд дар соҳаи сохтмон (1846,94 сомонӣ), саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо (1693,21 сомонӣ), неруи барқ, гази табиӣ ва таъминоти об (1305,43 сомонӣ)  буда, сатҳи пасттарини он дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ (236,68 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи музди меҳнати соҳаҳои номбурда нисбат ба соҳаи кишоварзӣ мутаносибан 7,8 маротиба, 7,1 маротиба  ва 5,5 маротиба фарқ дорад. Дар соҳаҳои бахши хизматрасонӣ музди меҳнати кормандони фаъолияти молиявӣ 2148,53 сомониро ташкил намуда, сатҳи он нисбат ба дигар соҳаҳо хеле баланд мебошад. Тафриқаи байни музди меҳнати кормандони соҳаи номбурда ва кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ — 3,2 маротиба (668,85 сомонӣ), фарҳанг ва варзиш — 2,57 маротиба (837 сомонӣ), маориф — 2,85 маротиба (754 сомонӣ), соҳаи илм — 2,18 маротиба (985 сомонӣ) ва кормандони мақомоти идора — 2,3 маротиба (923,40 сомонӣ) мебошад.
Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар моҳҳои январ — июли   соли равон 19253,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла: барои хариди молҳо ва пардохти хизматрасонии аҳолӣ 47,6 фоиз ва барои пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ 22 фоизро ташкил дод.
 
 
 

Октябрь 20, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид