Дар Тоҷикистон беш аз 57 ҳазор нафар бекор аст

Октябрь 29, 2014 13:21

Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – То 1 сентябри соли 2014 дар кишвар 57 ҳазору 600 нафар бекорон ба таври расмӣ ба кайд гирифта шуданд, ки 30 ҳазору 400 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Сатҳи бекорони расман ба қайд гирифташудаи аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол 2,5 фоизро ташкил дод. Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Аз моҳи январ то моҳи августи соли 2014 маоши миёнаи ҳармоҳа нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 баробари 21,7 фоиз афзуда ва 815 сомонию 14 дирамро ташкил дод. Маоши воқеӣ бо дарназардошти индекси нархҳои амволи истеъмолӣ дар давраи аз моҳи январ то моҳи августи соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 баробари 10,4 фоиз афзуд.

Октябрь 29, 2014 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд