Даргузашти Ҷамила Ҷамолова
Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз яке аз журналист ва тарҷумони шинохта, фарзанди шоири маъруфи ӯзбекзабони Тоҷикистон Улмас Ҷамол, Ҷамолова Ҷамила Улмасовна дар синни 48-солагӣ аз олам даргузашт.
Марҳум соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1988 Донишкадаи забон ва адабиёти рус (имрӯза Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.
Ҷамолова Ҷамила фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти рус дармактаби миёнаи таҳсилоти умумии №54-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд ҳамчун муаллима то соли 2004 дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии №94 ва №78 фаъолият кардааст.
Соли 2004 фаъолияти журналистиро дар газетаи «Замондош» оғоз карда, аз соли 2007 то соли 2013 дар ҳафтаномаи «Халқ овози» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Ҷамолова Ҷамила аз 1 апрели соли 2013 инҷониб дар АМИТ «Ховар» ба ҳайси тарҷумони забони ӯзбекӣ фаъолият дошт.
Роҳбарият ва аҳли эҷоди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аз марги нобаҳангоми тарҷумони Агентӣ Ҷамила Ҷамолова сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳон аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






