Дав барои саломатӣ

Октябрь 29, 2014 15:49

Ҳамадонӣ, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)- Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маориф, шуъбаи тандурустӣ ва Ташкилоти байналмилалии наҷоти кӯдакон дар Тоҷикистон бахшида ба рӯзи ҷаҳонии амалиёти «Дав барои ҳаёт», ки ҳамасола дар нимаи дуюми моҳи октябр доир мешавад, чорабинӣ барпо шуд.Алишер Исоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки чорабиниҳои рӯзи ҷаҳонии амалиёти «Дав барои ҳаёт» ҳар сол дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат таҷлил мешаванд ва наврасону ҷавонони ноҳияи Ҳамадонӣ аз баргузории чунин чорабинӣ дар маркази ноҳия хушнуд гардиданд.Дар чорабинӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ду даста ташкил гардид, ки онҳо дар мусобиқаи дав байни ҳам қувваозмоӣ карданд ва бо нишон додани чусту чолокӣ аъзоёни дастаи Спартак қаблан масофаи муайяншударо тай намуда, ғолиб гардиданд. Хадафи асосии чорабинии мазкур тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим байни кӯдакону наврасон мебошад.

Октябрь 29, 2014 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд