Даъвати донишҷӯён ба солимфикрӣ

Октябрь 22, 2014 11:25

 
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар  факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо фарогирии донишҷӯёни ин факулта ва факултаҳои педагогӣ, молия ва қарз, телекоммуникатсия ва  технологияҳоои иттилоотӣ  чорабинии тарбиявӣ дар чаҳорчӯбаи силсилавохӯриҳои Раёсати донишгоҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот баргузор гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи Раёсати донишгоҳ дотсент Маҳмудҷон Ӯлмасов зикр намуд, ки cолҳои охир дар макотиби олии кишвар баробари корҳои илмиву таълимӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир  мешавад, зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, психологиву педагогӣ буда, барои танзими зиндагии инсон ва пешрафти  ҷомеа хидмат менамояд. 
Муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Пӯлодҷон Саидов  роҷеъ ба вазъи қонуншикании наврасону ҷавонон, хосатан донишҷӯён гуфт, ки солҳои охир вазъи ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ин қишри ҷомеа ташвишовар гаштааст, зеро дар 9 моҳи соли гузашта аз тарави наврасону ҷавонон 811 ҷиноят содир шудаву ин рақам дар  ҳамин давраи соли ҷорӣ ба 946 адад расид, ки мутаассифона, дар байни онҳо донишҷӯён низ ҳастанд. 
Пӯлодҷон Саидов ҳамчунин дар бораи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва оқибатҳои фоҷиабори онҳо мисолҳои дақиқ оварда,  донишҷӯёнро даъват кард, ки шукронаи ин сарзамин, ваҳдату оромӣ намуда, дар рушди кишвар ҳисса гузоранд.
 
 

Октябрь 22, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад