Даъвати Э. Раҳмон аз Палатаи исломӣ оид ба тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ тавассути баромадан ба бандарҳо ва баҳр ба минтақаи транзитӣ табдил додани Осиёи Марказӣ имкониятҳои бузург мавҷуданд, вале онҳо ҳанӯз пурра истифода нашудаанд. Маҳз тавассути минтақаи мо шоҳроҳҳои бузург, ба монанди Шоҳроҳи абрешим мегузаштанд, ки аҳамияти тиҷоратии худро садсолаҳо аз даст надодаанд. Сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла шоҳроҳҳои автомобилгарди муосир ва роҳи оҳан байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатҳо аз тариқи тавсеаи бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, туризм ва хизматрасонӣ метавонад такони ҷиддӣ бахшад». Ин нуктаро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Форуми якуми сармоягузорӣ дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ироа намуд.Ёдовар мешавем, ки Форуми якуми сармоягузорӣ имрӯз, 27 октябр ба кори худ оғоз карда, пагоҳ низ идома хоҳад ёфт.Рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани шабакаҳои коммуникатсионӣ чун ҳадафи дигари стратегии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Дар ин самт дастгирии бештари созмони Ҳамкории Исломӣ ва сохторҳои он, махсусан механизми ҳамкории нақлиётӣ зарур аст.Рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротии соҳа ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи стратегии дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ-таъмини амнияти озуқаворӣ дар маркази диққат қарор дорад. Кишварҳои минтақа тамоми шароити заруриро барои рушди ин соҳа, аз қабили обу замину иқлими мусоид, ашёи хом ва қувваи кории арзон доранд, вале дар ин самт низ камбудии сармоя эҳсос мешавад.«Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз тариқи иқтидорҳои саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли оби баландсифати нӯшокӣ ва содироти онҳо ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз назари иқтисодӣ барои шарикони мо фоидаовар хоҳад буд.Аз ин лиҳоз, аз созмон ва сохторҳои он, ба монанди Палатаи исломӣ оид ба тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ даъват ба амал меорем, ки дар самти баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротии коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна дастгириҳои молиявии худро бештар гардонанд»,-таъкид дошт Сарвари давлат дар суханронии хеш.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






