Даъвати иҷлосияи ММ МО ҶТ
Душанбе, 29.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 20 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин росто 28 октябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд. Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Интизор меравад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи амният» ва «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард.








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






