Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст…
Панҷакент, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Сокини 80- солаи шаҳри Панҷакент Башорат Сайфиева ташаббуси нек нишон дод. Ӯ маблағи ҷамъовардаашро, ки бояд ба зиёрати хонаи Худо мерафт, барои сементпӯш кардани кӯчаи Неъматулло Нуров, ки дар он истиқомат мекунад, сарф намуд.
Кӯчаи мазкур то имрӯз ба масофаи 300 метр аз тариқи ҳашар бо кумаки аҳолӣ пурра сементпӯш шудааст. Дар айни замон охирин корҳои ободонӣ дар ин кӯча идома доранд.
Зимни суҳбат Башорат Сайфиева иброз дошт, ки минбаъд ҳам боқимондаи кӯчаро аз маблағҳои нафақа ва кумаки фарзандонаш мумфарш менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






