“Диёри ҳусн”-фестивали байналмилалӣ дар Душанбе
Душанбе, 30.10.2014 (АМИТ «Ховар, Фарзонаи Давлат»).- “Диёри ҳусн”- таҳти чунин унвон аз 6-ум то 9-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” 8-умин фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад.
Тавре ки дар ин бора аз Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон “Ҳафт пайкар” хабар доданд, мақсад аз баргузории фестивали мазкур эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани осори косибони кишвар, ба намоиш гузоштани либосҳои миллӣ ва мӯди суосир ва ба ин васила боло бурдани эътибори анъанаҳои Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, ба ин падидаи фарҳангӣ, ки ба 90-солагии шаҳри Душанбе бахшида шудааст, ҳунармандону косибон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон даъват гардидаанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






