Ду медали самбочиёни тоҷик
Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – 26 ва 27 октябр дар шаҳри Салоникии Юнон мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи гӯштии самбо байни устодони ин намуди варзиш баргузор гардид, ки дар он 250 нафар самбочиёни 19 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.Тавре ки Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, дар ин мусобиқот варзишгарони синнашон аз 35 ва 65 боло ба 7 гурӯҳи махсус тақсим шуда буданд. Варзишгари 79 – солаи Гурҷистон Заур Сахуадзе иштироккунадаи куҳансолтарини мусобиқот буд. Гӯштигирони Тоҷикистон дар мусобиқот Саттор Сайфиддинов дар вазни беш аз 100 килограмм медали нуқра ва Гулподшоҳ Хайруллобеков дар вазни 68 килограмм медали биринҷӣ ба даст оварданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






