Душанбе- «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад»

Октябрь 21, 2014 14:30

Душанбе, 21.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи VII- умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё- «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» сарфароз гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо гузаронида шуда, Душанбе барои ободонӣ, рушди инфрасохтори муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ доир намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои ИДМ ва СҲШ бо ин ҷоиза сарфароз гардидааст. Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург бо медали «Барои саҳм дар рушди ҳамкориҳои байнишаҳрӣ» қадрдонӣ гардид.

Октябрь 21, 2014 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид