Душанбегиҳо ҳунарнамоии «Тенор 21 века» — ро қадр карданд
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Азамат). — 18 октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти бошукӯҳи дастаи машҳури мусиқии «Тенор 21 века»- и Русия баргузор гардид.
Сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт шоҳиди ҳунарнамоии беҳтарин дастаи ҳунарии Русия гардиданд, ки дар Австрия, Куриёи Ҷанубӣ, Лубнон, Латвия, Беларус, Қазоқистон ва Кипр маҳорати худро намоиш додааст.
Мутрибу роҳбари барномаи «Тенор 21 века» Дмитрий Сибиртсев ба ҳозирон аз фаъолияти дастаи ҳунарии мухтасар нақл карда ва барномаи онро манзури ҳозирон намуд. Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки сарояндагони дастаи мазкур дар Театри давлатии академии калони Русия, Театри академии Маскав ба номи Станиславский ва Немирович — Данченко, Театри операи нави Маскав фаъолият доранд.
Ҳаводорони санъати шаҳри Душанбе ҳунарнамоии ин дастаи машҳури Русияро бо кафкӯбиҳо маъқул ёфта, ба аъзои он изҳори миннатдорӣ карданд.
Дар анҷоми консерти бошукӯҳ роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҶТ ва Филармонияи давлатӣ як сабад гулдастаҳои тару тозаро ба меҳмонон тақдим карданд.
Ёдовар мешавем, ки ин консерт бо ибтикори Муассисаи давлатии консертии «Базморо» дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии консертии «Содружество» -и Русия роҳандозӣ шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






