Э.Раҳмон: 70 фоизи захираи ҷаҳонии нафт дар ҳудуди кишварҳои СҲИ
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Форуми якуми сармоягузорӣ дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зикр намуд, ки дар ҳудуди кишварҳои аъзои созмон қариб 70 фоизи захираҳои ҷаҳонии нафт ва 50 фоизи захираҳои ҷаҳонии газ ҷойгир буда, ин омил аз мавқеи муҳим доштани онҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.Ҳамчунин дар ҷараёни суханронӣ илова намуд,ки:- «Дар баробари ин, мо умедворем, ки нақши Созмони Ҳамкории Исломӣ дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ ва рушди устувори мамлакатҳои аъзои он рӯз аз рӯз зиёд шуда, ба афзоиши саҳми муштараки онҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард».«Қисмати зиёди кишварҳои аъзои созмон хавфи таъсири манфии таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодӣ, сатҳи баланди камбизоатӣ, дастрасии маҳдуд ба оби тоза, озуқаворӣ, неруи барқ ва дигар маҳсулоту хизматрасониҳои ниёзи аввал, камбудиҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлими сайёра ва тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳониву минтақавӣ таҳдид мекунад»-, афзуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






