Э. Раҳмон дар Анҷумани сармоягузории СҲИ

Октябрь 27, 2014 12:28

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар»).Имрӯз дар Кохи Сомони Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ кори худро оғоз намуд.
Анҷумани мазкур дар чаҳорчӯби Нақшаи кории СҲИ барои Осиёи Марказӣ баргузор гардида, дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустӣ баррасӣ мешаванд.
Барои иштирок дар ин анҷуман намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, бахшҳои хусусӣ ва сармоягузорони кишварҳои аъзо ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.
Анҷуманро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ифтитоҳ намуда, сухани нахустинро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти кишвар меҳмонони олимақом ва ҳамаи иштирокдорони анҷуманро ба он хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуд, ки ҳамоиши номбурда ба таҳким ва рушди минбаъдаи сармоягузорию соҳибкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мусоидати фаъол мекунад.
Дар қисмати ифтитоҳии анҷуман ҳамчунин Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ, Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Либия Муҳаммад ал-Ғиронӣ, Муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Муҳаммад ибни Сауд ал-Кабир, Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Судон Алӣ Аҳмад ал-Картӣ, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал ва Мудири омили ширкати Қатари Диёр – Тоҷикистон Камол Ҳиҷозӣ суханронӣ намуданд.
 Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷаласаҳои алоҳидаи корӣ идома дорад. Дар ин ҷаласаҳо масъалаҳои нақлиёт ва инфрасохтор, мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ, санъат, илм ва технология баррасӣ мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Октябрь 27, 2014 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?