ФБД наздик ба 1 миллион мусофир хизмат расондааст

Октябрь 31, 2014 11:15

          Душанбе, 31.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар зарфи 9 моҳи соли равон кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» наздик ба 528 ҳазор нафар мусофири рафта ва зиёда аз 453 ҳазор мусофири омада хизмат расонидаанд. Ин матлаб зимни ҷамъбасти фаъолияти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар тӯли нӯҳ моҳи соли 2014  зикр гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ сардорони хадамот  ва шуъбаҳои фурудгоҳ  оид ба фаъолияти  бахшҳои худ гузориш доданд.
          Назар ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин давра ҳаҷми умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби кормандони анбори тиҷоратии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» беш аз 1733 тоннаро ташкил дод. Инчунин кормандони фурудгоҳ дар зарфи 9 моҳ ба  4786 адад хатсайри  доимӣ ва 422 адад хатсайри чартерӣ хизмат расонидаанд. Ҳамзамон М. Шодиев афзуд, ки алҳол парки техникии фурудгоҳ зиёда аз 100 намуд техника ва механизми гуногун дорад, ки бо истифода аз он мутахассисон дар тамоми фасли сол, дар ҳама гуна шароити вазъи ҳаво хати нишасту парвоз, таваққуфгоҳҳо, роҳравҳои зимомиро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта, ҳавопаймоҳоро қабул ва ба парвоз омода месозанд.       
 
 

Октябрь 31, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд