«Феррари» мустақил мешавад

Октябрь 31, 2014 11:24

Душанбе,31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои сомонаи интернетии “Давлати исломӣ” онҳо навори видеоиеро нашр карданд, ки дар он изҳори садоқати ҷангиёни Осиёи Марказӣ ба Бағдодӣ намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки гурӯҳе аз ҷангиёни Осиёи Марказӣ аз ҷиноҳи  «Катибат-Ал-Имом Бухорӣ», ки дар он узбектаборҳо бештаранд, тобеияти худро ба раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абӯбакр Ал-Бағдодӣ баён намуданд. 
         Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Шаби гузашта дар шаҳри Бенғозии Либия дар  як бинои зисти сокинони маҳаллӣ боз як амали террористӣ содир шуд.Дар ҳодиса  10 нафар ба ҳалокат расида ва  7-каси дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Тавре ки хабар дода мешавад, дар миёни қурбониён занону кӯдакон низ мебошанд. То кунун масъулияти ин ҳамларо ягон шахс ё гурӯҳи алоҳида ба уҳда нагирифтааст.          
        Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Вазири амнияти дохилии Бритониёи Кабир  Ҷо Ҷонсон  дар  Канада дар конфронси солонаи Муассисаи байналмилалии раисони пулис гуфтааст, ки наздик ба 12 ҳазор нафар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, тайи се соли гузашта ба Сурия рафтаанд, то дар ҷанги дохилии он ширкат карда ва ба гурӯҳҳое, аз ҷумла «Давлати исломӣ» бипайванданд. Гуфта мешавад, ки афзоиши шумори ҷангиёни хориҷӣ бештар аз Афғонистон, Яман, Сумолӣ ва Ироқ мебошад.  
        Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии Боливия  автобуси мусофиркашонии мактаббачаҳо дар соҳили рӯди Ичоа таваққуф намудааст, то ки мактаббачаҳо дар соҳил оббозӣ намоянд. Аммо ин иқдоми онҳо бо фоҷеа анҷом ёфт, зеро маҷрои  оби рӯд хеле мушаддад буд ва 8 мактаббачаро ба коми худ кашид. Бояд гуфт, ки автобуси мусофиркашонии ҳомили хонандагон аз шаҳри Потоси ба самти шаҳри Санта-Крус-де-ла-Сйерра ҳаракат мекард. 
            Душанбе,31.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти ширкати «Фиат Крайслер»-и итолиёиву амрикоии истеҳсолкунандаи мошинҳои варзишӣ бо номи «Феррари» тасмим гирифтааст, ки аз соли 2015-ум ба  қисми коргоҳаш мустақилият диҳад.  Яъне, аз соли нав сар карда, ширкати «Феррари» таъсис ёфта, мустақилан ба истеҳсоли чунин мошинҳо машғул мешавад. 
 

Октябрь 31, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд