Форуми ҷаҳонӣ оид ба сиёсати ҷавонон дар Боку
Душанбе, 30.10.2014 (АМИТ «Ховар, Фарзонаи Давлат»).- Форуми якуми ҷаҳонӣ оид ба сиёсати ҷавонон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки аз 28 то 30-юми октябри соли равон идома дошт, анҷом ёфт.
Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷалолиддин Нуров, форуми мазкур тавонист 700 нафар вазир, коршинос, намояндагони ҷомеаи байналмилалӣ ва шаҳрвандӣ, ҳамчунин ҷавонони фаъолро оид ба масъалаҳои марбут ба рушди сиёсати ҷавонон дар чаҳон ҷамъ оварад.
Гуфта мешавад, ки дар кушодашавии форум Котиби генералии СММ Пан Ги Мун аз тариқи тамоси видеоӣ ва рўзи дуюм Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирокдоронро барои ба ин сатҳ расонидани сиёсати давлатии ҷавонон табрик намуда, дастгирии доимии худро изҳор намуд.
Тоҷикистонро дар Форуми якуми ҷаҳонӣ оид ба сиёсати ҷавонон дар шаҳри Боку муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиев намояндагӣ кард.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






