Форуми якуми сармоягузорон дар Душанбе
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми якуми сармоягузорӣ дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни конфронс аз ҷумла таъкид дошт, ки Нақшаи амали мазкур дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони хориҷии созмон моҳи майи соли 2010 маҳз дар шаҳри Душанбе пешниҳод ва қабул гардид.Ҳадафи асосии Форум мусоидат ба дастгирии байналмилалии татбиқи ҳамаҷонибаи Нақшаи амали мазкур буда, бахусус дар рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, туризм, сармоягузорӣ ва тиҷорати кишварҳои аъзои созмон саҳм хоҳад дошт.«Итминон дорам, ки татбиқи Нақшаи амал ба таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самтҳои таҳқиқот, рушди техникаву технология, илму маориф ва тандурустӣ низ мусоидат хоҳад кард», -баён дошт Сарвари давлат.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






