Фурӯши 86 иншооти давлатӣ

Октябрь 23, 2014 15:41

Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи нӯҳ моҳи соли 2014 ҷиҳати ба фурўш баровардани моликияти коммуналӣ 61 музояда гузаронида шуда, 86 иншоот, 31 адад воситаи нақлиётӣ ва дигар намуди амволи давлатӣ фурўхта шуд. 
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ки маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ин ҳисоб воридгардида 13,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи нӯҳ моҳи соли 2013 ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ғайр аз ин, 1734 адад шартномаи иҷораи моликияти коммуналӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷетҳои маҳаллӣ 6,4 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 36 адад шартнома ва 1,6 млн. сомонӣ зиёд аст. 
Дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» 24 адад ҷамъияти саҳомии кушодае, ки дар сармояҳои оинномавии онҳо саҳмияҳои давлатӣ мавҷуд аст, маҷлисҳои умумии солонаи саҳмдоронро барпо намуда, намояндагони кумита ба ҳайати шўроҳои нозирони ҷамъиятҳои саҳомии кушода шомил гардиданд. Дар натиҷа тибқи қарорҳои маҷлисҳои умумии солонаи саҳмдорон, суди саҳмияҳои давлатӣ ба маблағи умумии 615,2 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. То ҳолати 1 октябри соли 2014 аз ин ҳисоб 152 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардидааст. 
 

Октябрь 23, 2014 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд