Гуфтор дар бораи варзиш
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Чанде пеш бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Парастор» ва дастгирии Сафорати ИМА дар ҶТ дар Гӯшаи Амрикои Китобхонаи миллӣ вохӯрӣ бо хатмкунандагони барномаҳои амрикоӣ дар мавзӯи «Афзун намудани имконоти духтарон барои иштироки баробарҳуқуқи онҳо дар варзиш» баргузор гардид.
Дар ин бора аз Созмони ҷамъиятии «Парастор» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба хабари манбаъ, иштирокдорони вохӯрӣ бо гузориши раиси Созмони ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти гендерӣ» София Қосимова ошноӣ пайдо карданд. София Қосимова зимни суханрониаш аз натоиҷи тадқиқот таҳти унвони «Имконот ва монеаҳои рушди варзиши занона дар Тоҷикистон ва афзун намудани имконоти духтарон барои иштироки баробарҳуқуқи онҳо дар варзиш» гузориш дод.
Дар анҷоми вохӯрӣ хатмкунандаи барномаҳои Сафорати ИМА дар ҶТ, раиси Созмони ҷамъиятии «Парастор» Раъно Қосимова лоиҳаи нави худро таҳти унвони «Эҳтиёт нисфи ҳаёт», ки мақсад аз он иштироки фаъолонаи духтарон дар варзиш ва тарғиби тарзи солими зиндагист, муаррифӣ кард.








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






