Густариши сармоягузории кишварҳои исломӣ ба Осиёи Марказӣ
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз намуд, ки он ду рӯз идома мекунад.Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ дар ин ҳамоиш ба рущди ҳамкориҳои исломӣ таъкид намуда, гуфт, ки ҳадафи асосии Форуми имрӯза мусоидат ба дастгирии байналмилалии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф, бахусус соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, туризм, сармоягузорӣ ва тиҷорати кишварҳои аъзои созмон мебошад. Аз ин рӯ, баргузории чунин як Анҷумани сатҳи байналмилалӣ робитаҳои тиҷоратии байни кишварҳои аъзои созмонро боз ҳам қавитар карда, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро афзун менамояд. Дар Анҷуман зикр шуд, ки нақши Созмони Ҳамкории Исломӣ дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ ва рушди устувори мамлакатҳои аъзои он рӯз аз рӯз зиёд шуда, ба афзоиши саҳми муштараки онҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.Президенти Бонки рушди исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ гуфт, ки БРИ сармоягузориро барои рушди соҳаҳои афзалиятноки кишварҳои узви бонк вусъат дода, кӯшиш менамояд, ки ба кишварҳои ниёзманд сармоягузориро афзун намояд. Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои исломӣ 53 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути Бонки Исломии Рушд 41 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 348 миллион доллар дастгирӣ ёфта, ҳоло 42 лоиҳаи он амалӣ гардидааст. Ҳоло бонки мазкур якҷо бо созмонҳои исломӣ дар кишвари мо амалисозии 11 лоиҳаи муштараки сармоягузориро ба маблағи қариб 300 миллион доллар идома медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






