Хатлон -пешсафи маъракаи даъвати ҳарбӣ

Октябрь 31, 2014 12:00

Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«То 31 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ 83,28% иҷро гардид». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди масъули маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Бахтиёр Бозоров иттилоъ дод.
Сарчашма ҳамчунин хабар дод, ки то имрӯз аз ноҳияҳои тобеи марказ 74,1% ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд. Дар вилояти Суғд нақшаи мазкур 82,1 %, дар ВМКБ  94,7% иҷро гардид. Дар вилояти Хатлон 98,1 %, дар комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе иҷрои нақша ба 75% расид.
Маврид ба зикр аст, ки якчанд ноҳияи кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони вилояти ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ҳамадониву Ҷиликӯли вилояти Хатлон, ҳамчунин шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд нақшаи даъвати тирамоҳиро 100% иҷро намуданд. 
Ноҳияҳои Истиқлолу Шаҳристони вилояти Суғд ва ноҳияҳои Балҷувон, Хуросон, Темурмалик ва шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон нақшаи мазкурро барзиёд иҷро карданд.
Ёдовар мешавем, ки нақшаи тирамоҳии даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола аз 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад.
 
 

Октябрь 31, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд